Бишнав Аз Дил Нуктаҳои Бесухун – Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ

Бишнав аз дил нуктаҳои бесухун
В-ончи андар фаҳм н-ояд, фаҳм кун!
Дар дили чун санги мардум оташест,
К-ӯ бисӯзад пардаро аз беху бунҷ
Чун бисӯзад парда, дарёбад тамом
Қиссаҳои Хизру илми манладун!
Дар миёни ҷону дил пайдо шавад
Сурати нав-нав аз он ишқи куҳун!
Чун бихонӣ ваззуҳо, хуршед бин,
Кони зар бин, чун бихонӣ ламякун!
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *