Боз баромад зи ҷон наъраву ҳайҳои ишқ!
Боз баровард ишқ сар ба мисоли наҳанг,
То шиканад заврақи ақл ба дарёи ишқ!
Сина кушодаст фақр ҷониби дилҳои пок,
Дар шиками Тур бин синаи Синои ишқ!
Мурғи дили ошиқон боз пари нав кушо,
К-аз қафаси сина ёфт олами паҳнои ишқ!
Ҳар нафас ояд нисор бар сари ёрони кор,
Аз бари ҷонон, ки ӯст ҷону дилафзои ишқ!
Фитнанишон ақл буд, рафту ба як сӯ нишаст,
Ҳар тараф акнун, бибин, фитнаи дарвои ишқ!
Ақл бидид оташе, гуфт, ки ишқ асту не,
Ишқ бибинад магар дидаи бинои ишқ?!
Ишқ нидои баланд кард ба овози паст,
К-ай дил, боло бипар, бингар болои ишқ!
Бингар дар Шамси дин – хусрави табрезиён,
Шодии ҷонҳои пок, дидаи дилҳои ишқ!