Боз Дар Асрор Равам Ҷониби Он Ёр Равам – Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ

Боз дар асрор равам, ҷониби он ёр равам,
Наъраи булбул шунавам, дар гулу гулзор равам!
То кай аз ин шарму ҳаё, шарм бисӯзону биё,
Ҳамраҳи дил гардам хуш, ҷониби дилдор равам!
Сабр намондаст, ки ман гӯш суйи нася барам,
Ақл намондаст, ки ман роҳ ба ҳинҷор барам!
Чанг зан, ай Зуҳраи ман, то ки бар ин тантани тан,
Гӯш бар ин бонг ниҳам, дида ба дидор равам!
Хастаи дом аст дилам, бар дару бом аст дилам,
Шоҳиди дилро бикушам, сӯйи харидор равам!
Гуфт маро: “Дар чи фанӣ, кор чаро менакунӣ?”,
Роҳи дуконам бинамо, то ки паси кор равам!
То ки зи худ буд хабараш, рафт дилам бар асараш,
Ку асаре аз дили ман, то ки бар осор равам?!
То зи ҳарифони ҳасад чашми баде дарнарасад,
Каф ба кафи ёр диҳам, дар канафи ғор равам!
Дарси раисони хушӣ беҳушӣ асту хамушӣ,
Дарс чу хом аст маро, бар сари такрор равам!
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *