Вақти Он Омад Ки Ман Савгандҳоро Бишканам – Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ

Вақти он омад, ки ман савгандҳоро бишканам,
Бандҳоро бардаронам, пандҳоро бишканам!
Чархи бадпайвандро ман баркушоям банд-банд,
Ҳамчу шамшери аҷал пайвандҳоро бишканам!
Пунбае аз лоуболӣ дар ду гӯши дил ниҳам,
Панд бипзирам зи сабру бандҳоро бишканам!
Муҳр баргирам зи қуфлу дар шакархона равам,
То зи шохе з-он шакар ин қандҳоро бишканам!
То ба кай аз чанду чун?! Охир, зи ишқам шарм бод!
Кай зи чунӣ бартар оям, чандҳоро бишканам?!
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *