Гирам, ки бипӯшад рӯ, бӯро чи даво дорад?!
Гар низ бипӯшад рӯ в-ар низ бибуррад бӯ,
Аз хунбиши рӯҳонӣ сад гуна гуво дорад!
Он маҳ чу гурезона ояд сипаси хона,
Лекин дили девона сад гуна дағо дорад!
Ғам гарчи бувад душман, гӯяд сири ӯ бо ман,
Бо мурғи дилам гӯяд: “Ку дом, куҷо дорад?!”