Дам Ба Дам Аз Раҳи Дил Пайки Хаёлаш Расадам – Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ

Дам ба дам аз раҳи дил пайки хаёлаш расадам,
Тобише нав ба нав аз ҳусну ҷамолаш расадам!
Ё Раб, ин бӯйи тараб аз тарафи фирдавс аст
Ё насимест, ки аз рӯзи висолаш расадам?!
Ин зи ишқ аст, ки мағзам зи тараб хира шудаст
Ё ки ҷомест, ки аз хамри ҳалолаш расадам?!
Ё чу бозест, ки аз ишқ ҳамепарронад
Ё кабӯтарбачагон аз пару болаш расадам?!
Саркашон аз тарафи ғайб ба ман меоянд,
В-ин мададҳо ҳама аз лаззати ҳолаш расадам!
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *