Дар Ин Сармо Сари Мо Дорӣ Имрӯз – Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ

Дар ин сармо сари мо дорӣ имрӯз,
Сари айшу тамошо дорӣ имрӯз!
Туйӣ хуршеду мо пешат чу зарра,
Ки моро бесару по дорӣ имрӯз!
Ба чорум осмон, паҳлӯйи хуршед,
Ту моро чун Масеҳо дорӣ имрӯз!
Дило, аз санг сад чашма равон кун,
Ки иҳсони муваффо дорӣ имрӯз!
Тарошидӣ зи раҳмат нардбоне,
Ки азми кӯчи боло дорӣ имрӯз!
Зиҳӣ даъват, зиҳӣ миҳмонии зафт,
Ки бар чархи муъалло дорӣ имрӯз!
Ба пеши ҳар касе моҳии бирён,
Дар он моҳӣ ту дарё дорӣ имрӯз!
Даруни моҳие дарё кӣ дидаст?!
Аҷойибҳои зебо дорӣ имрӯз!
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *