Дар Ин Сармову Борон Ёр Хуштар – Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ

Дар ин сармову борон ёр хуштар!
Нигор андар канору ишқ дар сар!
Нигор андар канору чун нигоре?!
Латифу хубу чусту тозаву тар!
Дар ин сармо ба кӯйи ӯ гурезем,
Ки монандаш назояд кас зи модар!
Дар ин барф он лабони ӯ бибӯсем,
Ки дилро тоза дорад барфу шаккар!
Маро тоқат намонд, аз даст рафтам,
Маро бурданду оварданд дигар!
Хаёли ӯ чу ногаҳ дар дил ояд,
Дил аз ҷо меравад, Аллоҳу Акбар!
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *