Дар Ишқи Қадим Солх(В)Ардем – Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ

Дар ишқи қадим солх(в)ардем,
В-аз гуфти ҳасуд барнагардем!
З-ин дамдамаҳо занон битарсанд,
Бар мо ту махон, ки марди мардем!
Мардона кунем кори мардон,
Пинҳон накунем, он чи кардем!
Моро ту ба зарду сурх мафреб,
К-аз ханҷари ишқ рӯйзардем!
Бар дард ҳазор офарин бод,
Боқӣ бари мо, ки ёри дардем!
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *