Дар Сафари Ҳавои Ту Бехабарам Ба Ҷони Ту – Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ

Дар сафари ҳавои ту бехабарам, ба ҷони ту,
Нек муборак омадаст ин сафарам, ба ҷони ту!
Лаъл қабосамар шудӣ, чунки дар он камар шудӣ,
Куштаи зор дар миён з-он камарам, ба ҷони ту!
Ҳамчу қамар баромадӣ, бар қамарон сар омадӣ,
Ҳамчу ҳилол зор ман з-он қамарам, ба ҷони ту!
Хушку тарам хаёли ту, ойинаи ҷамоли ту,
Хушклабам зи сӯзи дил, чашмтарам, ба ҷони ту!
То ту зи лаъли бастаат тунги шакар кушодайӣ,
Чун магаси шикастапар бар шакарам ба ҷони ту!
Дом ҳамеша то бувад, офати болу пар бувад,
Раста шавад зи доми ту болу парам, ба ҷони ту!
Дар Табрез Шамси дин ҳаст чароғи ҳар саҳар,
Толиби офтоб ман чун саҳарам, ба ҷони ту!
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *