Дасти Ман Гир Ай Писар Хуш Нестам – Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ

Дасти ман гир, ай писар, хуш нестам,
Ай қади ту чун шаҷар, хуш нестам!
Не биҳил дастам, ки ранҷам аз дил аст,
Дарди дилро гулшакар хуш нестам!
То ту рафтӣ, қуввату сабрам бирафт,
То ту рафтӣ, ман дигар хуш нестам!
Дастҳоро чун камар кун гирди ман,
Ҳин, ки ман бе ин камар хуш нестам!
Нотавонам, рафтам аз даст, ай ҳаким,
Даст бар ман ниҳ, магар хуш нестам?!
Ай гирифта оташат зеру забар,
Инчунин зеру забар хуш нестам!
Чӣ хабар пурсӣ, ки бе ҷоми лабат
Бохабар ё бехабар, хуш нестам!
Сар ҳамепечам ба ҳар сӯ, ҳамчунин
Чист, яъне ман зи сар хуш нестам!
Чашм мебандам ба ҳар дам то ба дер,
З-он ки бе ту бо назар хуш нестам!
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *