Ки, хоҷа, ҳар чи бикорӣ, туро ҳамон рӯяд!
Туро агар нафасе монд, ҷуз ки ишқ макор,
Ки чист ҳиммати мардум?! Ҳар он-ч меҷӯяд!
Бишӯ ду даст зи хешу биё, ба хон бинишин,
Ки об баҳри вай омад, ки дасту рӯ шӯяд!
Зиҳӣ салим, ки маъшуқи ӯ ба хонаи ӯст,
Ба сӯйи хона наёяд, газоф мепӯяд!
Ба сӯйи Марям ояд давона, гар Исост,
В-агар хар аст, биҳил, то камизи хар бӯяд!
Касе, ки ҳамраҳи соқист, чун бувад ҳушёр?!
Чаро набошад ламтур, чаро наяфзуяд?!
Касе, ки кони асал шуд, туруш чаро бошад?!
Касе, ки мурда надорад, бигӯ, чаро мӯяд?!
Туро бигӯям пинҳон, ки гул чаро хандад,
Ки гулрухеш ба каф гираду биянбӯяд?!
Бигӯ ғазал, ки ба сад қарн халқ ин хонанд,
Насиҷро, ки Худо бофт, он нафарсӯяд!