Раҳо кун, то бигирад, хуш гирифтаст!
Бисӯзон дил дар ин барқу мазан дам,
Ки ақлам абри савдоваш гирифтаст!
Дигар бор ин дилам хобе бидидаст,
Ки хуни дил ҳама мафраш гирифтаст!
Чу соя кул фано гардам, азеро
Ҷаҳон хуршеди лашкаркаш гирифтаст!
Дилам ҳар шаб ба дуздиву хиёнат
Зи лаъли ёри султонваш гирифтаст!
Куҷо пинҳон шавад дуздии дузде,
Ки моли хасм зери каш гирифтаст?!
Басе ҷон, ки ҳаме паррад зи қолаб,
Вале пояш ҳарифи каш гирифтаст!
Зи завқи захми тираш ин дили ман
Ба дандон гӯшаи таркаш гирифтаст!