Дида Хун Гашту Хун Намехусбад – Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ

Дида хун гашту хун намехусбад,
Дили ман аз ҷунун намехусбад.
Мурғу моҳӣ зи ман шуда хира,
К-ин шабу рӯз чун намехусбад?!
Пеш аз ин дар аҷаб ҳамебудам,
К-осмони нагун намехусбад?!
Осмон худ кунун зи ман хира-ст,
Ки чаро ин забун намехусбад?!
Ишқ бар ман фусуни аъзам хонд,
Ҷон шунид он фусун, намехусбад!
Ин яқинам шудаст пеш аз марг,
К-аз бадан ҷон бурун намехусбад.
Ҳин, Хамуш кун, ба асл роҷиъ шав,
Дидаи роҷиъун намехусбад!
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *