Ки аз сурной бӯйи ёр ояд!
Ба ҷон хоҳам навойи ошиқона,
К-аз он нола ҷамоли ҷон намояд!
Ҳаменолам, ки аз ғам бор дорам,
Аҷиб, ин ҷони нолон то чӣ зояд!
Бигӯ, ай ной, ҳоли ошиқонро,
Ки овози ту ҷон меозмояд!
Бибин, ай ҷони ман, к-аз бонги тосе
Маҳи бигрифта чун вомекушояд!
Бихон бар синаи дил ин азимат,
Ки то фарёд аз парён барояд!
Чу нола мӯниси ранҷур гардад,
Гараш гӯйӣ хамуш кун ҳам, нашояд!