Дорад Дарвеш Нӯши Дигар – Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ

Дорад дарвеш нӯши дигар
В-андар сару чашм ҳуши дигар.
Дар вақти самоъ сӯфиёнро
Аз арш расад хурӯши дигар.
Ту сурати ин самоъ бишнав,
К-эшон доранд гӯши дигар.
Сад дег ба ҷӯш ҳаст ин ҷо,
Дорад дарвеш ҷӯши дигар!
Ҳамзонуи он, ки ту-ш набинӣ
Сармаст зи майфурӯши дигар.
Дарвеш зи дӯш боз маст аст,
Ғайри шабу рӯзи дӯши дигар.
Моем чу ҷон хамӯшу гӯё,
Ҳайроншуда дар Хамӯши дигар!
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *