Донӣ Ки Куҷо Ҷӯйӣ Моро Ба Гаҳи Ҷустан – Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ

Донӣ, ки куҷо ҷӯйӣ моро ба гаҳи ҷустан!
Дар гардиши чашми ӯ, он наргиси обистан!
Дар дил чу хаёли ӯ тобад зи ҷамоли ӯ,
Дил банд бидарронад, ӯро натавон бастан!
Тифли дили пурсавдо оғоз кунад ғавғо,
Пистони карими ӯ оғоз кунад ҷустан!
Дил з-оташи ишқи ӯ омӯхт сабукрӯҳӣ,
Аз ин сина бипарридан, ҳар соъат барҷастан!
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *