Зи Рӯйи Туст Ид Осор Моро – Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ

Зи рӯйи туст ид осор моро,
Биё, ай иду идӣ ор моро!
Ту ҷони иду аз рӯйи ту, ҷоно,
Ҳазорон ид дар асрор моро!
Чу мо дар нестӣ сар даркашидем,
Нагирад ғуссаи дастор моро!
Чу мо дар хештан ағёр гаштем,
Нашояд ғуссаи ағёр моро!
Шуморо атласу шиъри хаёлӣ,
Хаёли хуби он дилдор моро!
Китоби макру айёрӣ шуморо,
Итоби дилбари айёр моро!
Шуморо симу зар бодо фаровон,
Ҷамоли Холиқи Ҷаббор моро!
Шуморо асби тозӣ бод беҳад,
Буроқи Аҳмади Мухтор моро!
Шуморо ид дар соле ду бор аст,
Дусад ид аст ҳар дам кор моро!
Агар олам ҳама ид асту ишрат,
Бирав, олам шуморо, ёр моро!
Биё, ай Иди Акбар – Шамси Табрез,
Ба дасти ину он магзор моро!
Чу хомӯшонаи ишқат қавӣ шуд,
Сухан кӯтоҳ шуд ин бор моро!
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *