Зулмати Шаб Партави Зулмоти Ман – Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ

Зулмати шаб партави зулмоти ман,
Нури маҳ аз нури мулоқоти ман!
Гавҳари тоъат шуд аз он кимиё
Зиллату инкору ҷиноёти ман!
Ҳаст самовот дар он орзу,
То нигарад сӯйи самовоти ман!
Ай рухи хуршед суйи бурҷи ман,
Ай шаҳи ҷон шоҳиди шаҳмоти ман!
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *