Бас мушки ниҳон дорад, зинҳор, бишӯредаш!
Дар шоми ду зулфи ӯ сад субҳи ниҳон беш аст,
Ҳар лаҳзаву ҳар соъат, сад бор бишӯредаш!
Он давлати оламро в-он ҷаннати хуррамро,
К-аз вай шукуфад дар ҷон гулзор, бишӯредаш!
Он бода ҳамеҷӯшад в-аз халқ ҳамепӯшад,
То рӯй шувад аз вай хаммор, бишӯредаш!
Чашму дили Марям шуд равшан чу аз он хурмо,
Нахлест аз он хурмо пурбор, бишӯредаш!
Кам гашт дили мискин андар сари зулфи ӯ,
Бошад, ки бадид омад, бисёр бишӯредаш!
Шамсулҳақи Табрезӣ дар ишқ Масеҳ омад,
Ҳар кас, ки аз ӯ дорад зуннор, бишӯредаш!