Имрӯз ман аз сабукдилонам!
Дар дидаи ақл бас макинам,
Дар дидаи ишқ бемаконам!
Афсӯс, ки сокини заминам,
Инсоф, ки сорими замонам!
Ин турфа, ки бо тани заминӣ
Бар пушти фалак ҳаме давонам?!
Он бор, ки чарх барнатобад,
Аз қуввати ишқ, мекашонам!
Аз синаи хеш оташашро
То синаи санг мерасонам!
Аз лаззату аз сафои қандаш
Пуршаҳд шудаст ин даҳонам!
Аз мушкили Шамси Ҳаққи Табрез,
Ман нуктаи мушкили ҷаҳонам!