Имрӯз Наям Малӯл Шодам – Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ

Имрӯз наям малӯл, шодам,
Ғамро ҳама тоқ барниҳодам!
Бар сиблати ҳар куҷо малӯлест,
Гар мири ман асту устодам!
Имрӯз миён ба айш бастам,
Рӯбанд зи рӯйи маҳ кушодам!
Имрӯз зарифаму латифам,
Гӯйӣ, ки магар зи лутф зодам!
Ёре, ки надод бӯса аз ноз,
Ӯ бӯса биҷусту ман надодам!
Ман дӯш, аҷаб, чи хоб дидам,
К-имрӯз азим бомуродам!
Гуфтӣ ту, ки рав, ки подшоҳӣ,
Оре, ки хушу хуҷаста бодам!
Бе соқиву бе шароб мастам,
Бе тахту кулоҳ Кайқубодам!
Дар ман зи куҷо расад гумонҳо,
Субҳоналлаҳ, куҷо фитодам?!
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *