Имрӯз Саркашонро Ишқат Зи Ҷилва Кардан – Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ

Имрӯз саркашонро ишқат зи ҷилва кардан
Овард бори дигар як-як бибаста гардан!
Рав, рав, ту дар гулистон, бингар ба гулпарастон,
Як лаҳза саҷда кардан, як лаҳза бода хӯрдан!
Нагзорад он шакархӯ бар мо зи мо яке мӯ,
Чун сӯфиёни ҷонро ин аст сар супурдан!
Дандони ту чу шуд суст, бар ҷо-ш дигаре руст,
Медон, ки ҳамчунин аст бар мурда ҷон супурдан!
Ай хасми Шамси Табрез, ай дузди роҳу мункир,
Мебош дар шиканҷа аз хешу дар фушурдан!
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *