Имрӯз Ту Хуштарӣ Ва Ё Ман – Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ

Имрӯз ту хуштарӣ ва ё ман!
Бе ман ту чи гунайиву бо ман?!
Не-не, «ману ту» магӯ, раҳо кун,
Фарқе худ нест аз ту то ман!
Бе ту будӣ ту бар сари чарх,
Бе ман будам ба солҳо ман!
Дар пӯст ману ту ҳамчу ангу,
Дар шира куҷо туву куҷо ман?!
Аз бухл биҷасту дар сахо монд
Он Ҳотами Таййу гуфт: «Ҳо, ман!».
Ман бухлу сахо нисор кардам,
Ай беш зи Ҳотам аз сахо ман!
Ай ҷони латифи хушлиқо ту,
Ай ойинадори он лиқо ман!
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *