Имрӯз Ҷамоли Ту Бар Дида Муборак Бод – Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ

Имрӯз ҷамоли ту бар дида муборак бод,
Бар мо ҳаваси тоза печида, муборак бод!
Гулҳо чу миён бандад, бар ҷумла ҷаҳон хандад,
Ай бар гулу сад чун гул хандида, муборак бод!
Хубон чу рухат дида, афтодаву лағзида,
Дил бар дари ин хона лағзида, муборак бод!
Наврӯзи рухат дидам, хуш ашк биборидам,
Наврӯзу чунин борон борида, муборак бод!
Бе гуфти забони ту, бе ҳарфу баёни ту,
Аз ботини ту гӯшат бишнида, муборак бод!
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *