Инак он пардагиёне, ки хирад чодарашон!
Хамчу андеша ба ҳар сина бувад масканашон,
Ҳамчу хуршед ба ҳар хона фитад лашкарашон!
Назари аввалашон зинда кунад оламро,
Дар назар ҳеч нагунҷад назари дигарашон!
Ай басо шаб, ки ман аз оташашон ҳамчу сипанд
Будаам наъразанон, рақскунон бар дарашон!
Гар ту бӯ менабарӣ, бӯй кун аҷзои маро,
Бӯ гирифтаст дилу ҷони ман аз анбарашон!
В-ар ту бас хушкдимоғӣ, ба ту бӯ менарасад,
Сар биниҳ, то бирасад бар ту димоғи тарашон!
Худ чи бошад тару хушкӣ ҳаявоневу набот?!
Ма наботу ҳаявону ма замин – модарашон!
Ҳама олам ба яке қатраи дарё ғарқанд,
Чи қадар хӯрд тавонад магас аз шаккарашон?!