Ҷон ба ишқ-андарун зи худ бираҳид.
З-он ки ҷон муҳдас асту ишқ қадим,
Ҳаргиз ин дар вуҷуди он нарасид!
Ишқи ҷонон чу санги миқнотис
Ҷони моро ба қурби хеш кашид.
Боз ҷонро зи хештан гум кард,
Ҷон чу гум шуд, вуҷуди хеш бидид.
Баъд аз он боз бо худ омад ҷон,
Доми ишқ омаду дар ӯ печид.
Шарбате додаш аз ҳақиқати ишқ,
Ҷумла ихлосҳо аз ӯ бирамид.
Ин нишони бидояти ишқ аст,
Ҳеч кас дар ниҳояташ нарасид!