Кас Бо Чу Ту Ёр Роз Гӯяд – Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ

Кас бо чу ту ёр роз гӯяд,
Ё қиссаи хеш бозгӯяд!
Оқил кардаст бо ту кӯтоҳ,
Лекин ошиқ дароз гӯяд!
Аз ишқи ту дар суҷуд афтад,
Савдои ту дар намоз гӯяд!
Аз ноз ҳама дурӯғ гӯйӣ,
Он-ч ин дилам аз ниёз гӯяд!
Ман ҳамчу Аёзаму ту Маҳмуд,
Бишнав сухане, к-Аёз гӯяд!
Пеши ту касе ҳадиси ман гуфт,
Гуфтӣ ту, ки ӯ маҷоз гӯяд!
Чун зар суханони ман шунидӣ,
Гуфтӣ: “Ба тариқи гоз гӯяд!”.
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *