Касе К-Аз Ғамзае Сад Ақл Бандад – Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ

Касе, к-аз ғамзае сад ақл бандад,
Гар ӯ бар мо нахандад, пас кӣ хандад?!
Агар тасхур кунад бар чарху хуршед,
Бувад инсофу инсоф он писандад!
Дило, меҷӯш ҳамчун мавҷи дарё,
Ки гар дарё биёромад, бигандад!
Чу хуршедиву аз худ пок гаштӣ,
Зи ту чанги аҷал ҷуз ғам нарандад!
Шакарширинии гуфтан раҳо кун,
Валекин кони қанде чун нақандад?!
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *