Касе Хароби Хароботу Масти Май Бошад – Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ

Касе хароби хароботу масти май бошад,
Аз ӯ иморати имону хайр кай бошад?!
Яке вуҷуд чу оташ бувад, набошад об,
Муҳол бошад як маҳ баҳору дай бошад!
Манам хароби хароботу масти тоъати Ҳақ,
Даруни шаҳри муъаззам зи неку бай бошад.
Иморатест хароботиёни шаҳри маро,
Ки хонаҳо-ш ниҳон дар замин чу Рай бошад.
Шукуфаҳост дарахтони зуҳдро зи шароб,
На он шароб, ки ушкуфаҳо қай бошад!
Чу ҳасту нести маро дид чашми муътазиле,
Бигуфт: “Дидам маъдумро, ки шай бошад!”
Ба сояҳову ба хуршеди Шамси Табрезӣ,
Ки бе макону замон офтоби фай бошад?!
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *