Колбади Мо Зи Хоб Коҳилу Машғул Хост – Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ

Колбади мо зи хоб коҳилу машғул хост,
Он ки ба рақс оварад коҳили моро, куҷост?!
Он ки ба рақс оварад, пардаи дил бардарад,
Ин ҳама бӯяш кунад, дидани ӯ худ ҷудост!
Дил чу шуд аз ишқ гарм, рафт зи дил тарсу нарм,
Шуд нафасаш оташин, ишқ яке аждаҳост!
Соқии ҷон дар қадаҳ дӯш агар дурд рехт,
Дурдии соқии мо ҷумла сафо дар сафост!
Бодаи ишқ, ай ғулом, нест ҳалолу ҳаром,
Пур куну пеш ор ҷом, бингар, навбат кирост!
Ай дили поки тамом, бар ту ҳазорон салом,
Ҷумлаи хубон ғулом, ҷумлаи хубӣ турост!
Саҷда кунам пеши ёр, гӯяд дил: “Ҳуш дор,
Додани ҷон дар суҷуд ҷони ҳама саҷдаҳост!”
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *