Лаҳзае Қиссакунон Қиссаи Табрез Кунед – Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ

Лаҳзае, қиссакунон, қиссаи Табрез кунед,
Лаҳзае қиссаи он ғамзаи хунрез кунед!
Дар фироқи лаби чун шаккари ӯ талх шудем,
З-он шакарҳои худоёна шакаррез кунед!
Ҳиндуе шаб сари зулфайн бибуррад зи тамаъ,
Зулфи ӯ гар бифишонед, абирбез кунед!
Бас забон, к-аз сифати он лаби ӯ кунд шавад,
Чун синони назар аз давлати ӯ тез кунед!
Ай басо шаб, ки зи нури маҳи ӯ рӯз шавад,
Гар чу маҳ дар талабаш шеваи шабхез кунед!
Вақти шамшер бувад, воситаҳо баргиред,
Сирф оред, нахоҳем, ки омез кунед!
Шамси Табрез, ки Хуршед яке зарраи ӯст,
Зарраро Шамс магӯедашу парҳез кунед!
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *