Во дили ман, во дили ман, во дили ман, во дили ман!
Қасд кунӣ бар тани ман, шод шавад душмани ман,
В-он гаҳ аз ин хаста шавад ё дили ту, ё дили ман!
Волаву Маҷнун дили ман, хонаи пурхун дили ман,
Баҳри тамошо, чӣ шавад, ранҷа шавӣ то дили ман!
Хурда шакарҳо дили ман, баста камарҳо дили ман,
Вақти саҳарҳо дили ман рафта ба ҳар ҷо дили ман!
Мурдаву зинда дили ман, гиряву ханда дили ман,
Хоҷаву банда дили ман, аз ту чу дарё дили ман!
Ай шуда устоди амин, ҷуз ки дар оташ манишин,
Гарчи чунин асту чунин, ҳеч маёсо, дили ман!
Сӯйи Салоҳи дилу дин омад Ҷабрили амин
Дар талаби ниъмати ҷон, баҳри тақозо дили ман!