Лаҳза-Лаҳза Ме Бурун Омад Зи Парда Шаҳрёр – Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ

Лаҳза-лаҳза ме бурун омад зи парда шаҳрёр,
Боз андар парда мешуд, ҳамчунин то ҳашт бор.
Соъате беруниёнро мерабуд аз ақлу дил,
Соъате аҳли ҳарамро мебибурд аз ҳушу кор.
Дафтаре аз сиҳри мутлақ пеши чашмаш боз буд,
Гардише аз гардиши ӯ дар дили ҳар беқарор!
Гоҳ аз нӯги қалам савдо-ш нақше мекашид,
Гоҳ аз сурнойи ишқаш ақли мискин сангсор!
Чунки шаб шуд, з-оташи рухсор шамъе барфурӯхт,
То дусад парвонаи ҷонро падид омад мадор!
Чун зи шаб ниме бишуд, мастон ҳама бехуд шуданд,
Мо бимондему шабу шамъу шаробу он нигор!
Мои мо ҳам хуфта буду бурда заҳмат аз миён,
Мои мо бо мои ӯ гашта канор андар канор!
Чун саҳар ин мои мо муштоқи он мо гашта буд,
Мо даромад соявору шуд бурун он мои ёр!
Шамси Табрезӣ бирафт, аммо шуъоъи рӯйи ӯ
Ҳар тараф нуре диҳад онро, ки ҳасташ ихтиёр!
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *