Мадорам Як Замон Аз Кор Фориғ – Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ

Мадорам як замон аз кор фориғ,
Ки гардад одаме ғамхор фориғ!
Чу фориғ шуд, ғам ӯро сухра гирад,
Мабодо ҳеч кас, ай ёр, фориғ!
Қаландар гарчи фориғ менамояд,
Валекин нест дар асрор фориғ!
Зи аввал мекашад ӯ хори бисёр,
Ҳама гул гашту гашт аз хор фориғ!
Чу мӯре донаҳо анбор мекард,
Сулаймон шуд аз он анбор фориғ!
Чу дарёест ӯ пуркору бекор,
Аз ӯ гиранду ӯ з-ӣсор фориғ!
Қаландар ҳаст дар киштӣ нишаста,
Равон дар роҳу аз рафтор фориғ!
Дар ин ҳайрат басе бинӣ, дар ин роҳ
Зи киштиву зи дарёбор фориғ!
Ба ёди баҳр маст аз ваҳми киштӣ,
Нишаста аҳмақе бисёр фориғ!
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *