Ман Бисозам Валек Кай Шояд – Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ

Ман бисозам, валек кай шояд
Зоғ бо тӯтиён шакар хояд?!
Ҳар якеро вилоятест ҷудо,
Кажж бо рост рост кай ояд?!
Гарчи тӯтӣ худ аз шакар зинда-ст,
Зоғро май чамини хар бояд!
Ишқ дар хеш, бин, куҷо гунҷад?!
Модаи гург шери нар зояд?!
Бигрез аз касе, ки ошиқ нест,
Зону гаргин туро гар афзояд!
В-ар шавӣ кӯфта ба ҳовани ишқ,
Дон, ки ӯ сурмает месояд!
Рав, бикун ту хароб хона, аз он-к
Шамси Табрез маст меояд!
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *