В-аз ҷумлаи ҳозирон ниҳон гӯям.
Ҷуз гӯши ту нашнавад ҳадиси ман,
Ҳарчанд миёни мардумон гӯям.
Дар хоб сухан на бе забон гӯянд,
Дар бедорӣ ман ончунон гӯям.
Ҷуз дар буни чоҳ менанолам ман,
Асрори ғами ту бемакон гӯям.
Бар рӯйи замин нишаста бошам хуш,
Аҳволи замин бар осмон гӯям.
Маъшуқ ҳамешавад ниҳон аз ман,
Ҳарчанд аломату нишон гӯям.
Ҷонҳои латиф дар фиғон оянд,
Он дам, ки ман аз ғамат фиғон гӯям!