Ман Гӯшкашон Гаштам Аз Лайливу Аз Маҷнун – Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ

Ман гӯшкашон гаштам аз Лайливу аз Маҷнун,
Он мекашадам з-он сӯ в-ин мекашадам з-ин сун!
Як гӯш ба дасти ин, як гӯш ба дасти он,
Ин мекашадам боло в-он мекашадам ҳомун!
Аз дасти кашокаш ман в-аз дасти пуроташ ман
Мегардаму менолам чун чанбараи гардун!
Он лаҳза, ки беҳушам, з-эшон бираҳад гӯшам,
Меғалтам чун шоҳон дар атласу дар аксун!
Ман ошиқи он рӯзам медарраму медӯзам,
Дар хирқаи бечунӣ мезан тигиле, бечун!
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *