Ман бикашам домани ту, домани ман ҳам ту кашон!
Ҷони ману ҷони туро ҳар ду ба ҳам дӯхт қазо,
Хушши хушши хушши хушам пеши ту, ай шоҳи хушон!
З-он ки маро дод лабаш, нест лаберо асараш,
З-он чи чашидам зи лабат, ҳеч лаберо мачашон!
Он ки турушрӯй бувад, дон, ки дирамҷӯй бувад,
Аз хуми сирка-ст ҳама, бо шакаронаш манишон!
Гуфтам: “Ай шоҳи алам, ман, ки миёни асалам,
Аз асали ман кӣ чашад?!” Гуфт: “Лаби хушманишон!”