Маро Ёро Чунин Бе Ёр Магзор – Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ

Маро, ёро, чунин бе ёр магзор!
Зи ман магзар, маро магзор, магзор!
Ба зинҳорат даромад ҷони чокар,
Маро дар ҳиҷри безинҳор магзор!
Табибӣ, балки ту Исои вақтӣ,
Марав, моро чунин бемор магзор!
Маро гуфтӣ, ки моро ёри ғорӣ,
Чунин танҳо маро дар ғор магзор!
Туро андак намояд ҳиҷри як шаб,
Зи ман пурс андаку бисёр магзор!
Маяндоз оташи андак ба сина,
Ки набвад оташ андак, хор магзор!
Дамам бигсаст, лекин бори дигар
Зи ман бишнав, маро ин бор магзор!
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *