Дилам пурнеши ҳиҷрон аст баҳри нӯши Шамсуддин!
Чу оташҳои ишқи ӯ зи аршу фарш бигзаштанд,
Дар ин оташ надонам кард ман рӯпӯши Шамсуддин!
Дар оғӯшам бибинӣ ту зи оташ тунгҳо, лекин
Шавад он оби ҳайвон аз пайи оғӯши Шамсуддин!
Чу деге пухт ақли ман, чашидам, буд нопухта,
Задам он дег дар рӯяш зи баҳри ҷӯши Шамсуддин!
Дар ин хонай танам бинӣ якеро, даст бар сар зан,
Яке ранҷур дар назъу яке мадҳуши Шамсуддин!
Забони Зулфиқори ақл, к-ин дарё пур аз дур кард,
Забонаш боз бигрифту шуд ӯ хомӯши Шамсуддин!