Ҷуз шеваи он ғамзай ғаммоза намедонам!
Ёрон бахабар буданд, дарвоза бурун рафтанд,
Ман бераҳу сармастам, дарвоза намедонам!
З-овозаи он ёрон чун мушк ҷаҳон пур шуд,
З-овоз бишуд ақлам, овоза намедонам!
То рӯйи туро дидам ман ҳамчу гули тоза,
Гаштам харифу куҳна, ар тоза намедонам!
Гӯянд, ки Луқмонро як козаи танге буд,
З-ин кӯза майе хурдам, к-он коза намедонам!