Ки рӯзу шаб ба муроъотат иқтизо дорад!
Зи шодиву зи фараҳ дар ҷаҳон намегунҷад,
Ки чун ту ёри дилороми хушлиқо дорад!
Ҳамерасад ба гиребони осмон дасташ,
Ки ӯ чу соя зи моҳи ту муқтадо дорад!
Зи офтоби ту онро, ки пушт гарм шавад,
Чаро далер набошад, ҳазар чаро дорад?!
Чаро ба панҷа камаргоҳи кӯҳро накашад,
Касе, ки з-атласи ишқи хушат қабо дорад?!
Ту худ ҷафо накунӣ в-ар кунӣ ҷафо бар дил,
Бикун, бикун, ки ба кирдори ту ризо дорад!
Чаро набошад розӣ бад-он ҷафои латиф,
Ки ӯ таровати обу дами сабо дорад?!
Дар оташи ғами ту ҳамчу уд атторест
Дили шариф, ки ӯ доғи анбиё дорад!
Хамуш, хамуш, ки суханофарини маънибахш
Буруни гуфт суханҳои ҷонфазо дорад!