Мо Шодтарем Ё Ту Ай Ҷон – Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ

Мо шодтарем ё ту, ай ҷон!
Мо софтарем ё дили кон?!
Дар ишқи худем ҷумла бедил,
Дар рӯйи худем масту ҳайрон!
Мо масттарем ё пиёла?!
Мо поктарем ё дилу ҷон?!
Дар мо нигареду дар рухи ишқ,
Мо, хоҷа, аҷабтарем ё он?!
Имон ишқ асту куфри мо бим,
Дар куфр нигаҳ куну дар ӣмон!
Имон бо куфр шуд ҳамовоз,
Аз як парда зананд алҳон!
Доно чу надонад ин суханро,
Пас, кай расад ин сухан ба нодон?!
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *