Тӯтии ҷон қанд чаридан гирифт!
Уштури девонаи сармасти ман
Силсилаи ақл даридан гирифт!
Ҷуръаи он бодаи бе зинҳор
Бар сару бар дида давидан гирифт!
Шери назар бо саги асҳоби Каҳф
Хуни маро боз хуридан гирифт!
Боз дар ин ҷӯй равон гашт об,
Бар лаби ҷӯ сабза дамидан гирифт!
Боди сабо боз вазон шуд ба боғ,
Бар гулу гулзор вазидан гирифт!
Ишқ фурӯшид ба айбе маро,
Сӯхт дилаш, боз харидан гирифт!
Ронд маро, раҳматаш омад, бихонд,
Ҷониби мо хуш нигаридан гирифт!
Душмани ман дид, ки бо дӯстам,
Ӯ зи ҳасад даст газидан гирифт!
Дил бираҳид аз дағали рӯзгор,
Дар бағали ишқ хазидан гирифт!
Абруйи ғаммоз ишораткунон
Ҷониби он чашм хамидан гирифт!
Ишқ чу дилро ба суйи хеш хонд,
Дил зи ҳама халқ рамидан гирифт!
Халқ асоанд, асоро фиканд,
Қабзаи ҳар кӯр, ки дидан гирифт!
Халқ чу шеранд, раҳо кард шер
Тифл, ки ӯ лут кашидан гирифт!
Рӯҳ чу бозест, ки паррон шавад,
К-аз суйи шаҳ табл шунидан гирифт!
Бас кун, зеро ки ҳиҷоби сухан
Парда ба гирди ту танидан гирифт!