Ҷуз Салоҳуддин, Салоҳуддину бас!
Гар зи сирри сирри ӯ донистайӣ,
Дам фурӯ каш, то надонад ҳеч кас!
Синаи ошиқ яке обест хуш,
Ҷонҳо бар оби ӯ хошоку хас!
Чун бибинӣ рӯйи ӯро, дам мазан,
К-андар ойина зиён бошад нафас!
Аз дили ошиқ барояд офтоб,
Нур гирад офтоб аз пешу пас!