Нолае Кун Ошиқона Дарди Маҳрумӣ Бигӯ – Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ

Нолае кун ошиқона, дарди маҳрумӣ бигӯ,
Порсӣ гӯ соъатеву соъате румӣ бигӯ!
Хоҳ румӣ, хоҳ тозӣ, ман нахоҳам ғайри ту,
Аз ҷамолу аз камолу лутфи махдумӣ бигӯ!
Ҳам бисузӣ, ҳам бисозӣ, ҳам битобӣ дар ҷаҳон,
Офтобӣ, моҳтобӣ, оташӣ, мумӣ, бигӯ!
Гар касе гӯяд, ки «оташ сард шуд», бовар макун,
Ту чи дудиву чи удӣ?! Ҳаййи Қайюмӣ бигӯ!
Ай дили паррони ман, то кай аз ин вайрони тан?!
Гар ту бозӣ, барпар он ҷо в-ар ту худ бумӣ, бигӯ!
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *