Ойинаам Ман Ойинаам Ман То Ки Бидидам Рӯйи Чу Моҳаш – Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ

Ойинаам ман, ойинаам ман, то ки бидидам рӯйи чу моҳаш,
Чашми ҷаҳонам, чашми ҷаҳонам, то ки бидидам
чашми сиёҳаш!
Чарху замин шуд, чарху замин шуд ҷаннати маъво,
роҳати ҷонҳо,
То ки баромад, то ки баромад бар кӯҳи ҷуде хайлу сипоҳаш!
Пуштқавӣ шуд, пуштқавӣ шуд ахтари давлат, адлу иноят,
Чун нашавад шаҳ, чун нашавад шаҳ, он ки ту бошӣ
пушту паноҳаш?!
Шӯразамине, шӯразамине, к-аз ту кашад ӯ оби баҳорӣ,
Сабзтар омад, сабзтар омад аз ҳама ҷоҳо кишту гиёҳаш!
Рӯйи чу моҳат, рӯйи чу моҳат баст гарав дӣ бо маҳу ахтар,
Гашт гаравгон, гашт гаравгон моҳу саморо зулфи сиёҳаш!
Силсилаҷунбон, силсилаҷунбон гашт, бародар, ин дили Маҷнун,
Чун бинашӯрад, чун бинашӯрад?! Он Маҷнункуш шуд
сари моҳаш!
Дам мазан, ай ҷон, дам мазан, ай ҷон, бархур, к-омад
рӯзи муборак,
Кист муборак, кист муборак?! Он ки бибинад ҳам зи пагоҳаш!
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *