Об Занед Роҳро Ҳин Ки Нигор Мерасад – Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ

Об занед роҳро, ҳин, ки нигор мерасад,
Мужда диҳед боғро, бӯйи баҳор мерасад!
Роҳ диҳед ёрро, он маҳи даҳчаҳорро,
К – аз рухи нурбахши ӯ нур нисор мерасад!
Чок шудаст осмон, ғулғулаест дар ҷаҳон,
Анбару мушк медамад, санҷақи ёр мерасад!
Равнақи боғ мерасад, чашму чароғ мерасад,
Ғам ба канора меравад, маҳ ба канор мерасад!
Тир равона меравад, сӯйи нишона меравад,
Мо чи нишастаем пас, шаҳ зи шикор мерасад!
Боғ салом мекунад, сарв қиём мекунад,
Сабза пиёда меравад, ғунча сувор мерасад!
Хилватиёни осмон то чи шароб мехуранд,
Рӯҳ харобу маст шуд, ақл хумор мерасад!
Чун бирасӣ ба кӯйи мо, хомушӣ аст хӯйи мо,
З – он ки зи гуфтугӯйи мо гарду ғубор мерасад!
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *