Он Ки Бе Бода Кунад Ҷони Маро Маст Куҷост – Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ

Он ки бе бода кунад ҷони маро маст, куҷост!
В-он ки берун кунад аз ҷону дилам даст, куҷост?!
В-он, ки савганд хурам, ҷуз ба сари ӯ нахурам,
В-он ки савганди ману тавбаам ишкаст, куҷост?!
В-он ки ҷонҳо ба саҳар наъразанонанд аз ӯ,
В-он ки моро ғамаш аз ҷой бибурдаст, куҷост?!
Ҷони ҷон аст вагар ҷой надорад, чи аҷаб?!
Ин ки ҷо металабад дар тани мо, ҳаст, куҷост?!
Ғамзаи чашм баҳона-ст в-аз он сӯ ҳавасест,
В-он ки ӯ дар паси ғамза-ст, дилам хаст, куҷост?!
Пардаи равшани дил басту хаёлот намуд
В-он ки дар парда чунин пардаи дил баст, куҷост?!
Ақл то маст нашуд, чуну чаро паст нашуд,
В-он ки ӯ маст шуд, аз чуну чаро раст, куҷост?!
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *